ЯРМАРКАИ ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ДАР КӮЛОБ
Кӯлоб, 13 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов) — Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва ба ин васила дарёфти мутахассисон барои ташкилоту муассисаҳои мухталиф дар боғи фарҳанг ва истироҳатии шаҳри Кӯлоб ярмаркаи навбатии ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод доир гардид, ки бо ташаббуси раёсати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатии минтақаи Кӯлоб ташкил гардид. Дар ярмарка аз корхонаву муассисаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақа беш аз 1729 ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озодро пешниҳод намуданд. Ёдовар мешавем, ки аз оғози сол то имрӯз аз ҷониби раёсати минтақавӣ 62 ярмарка доир карда шуд, ки маҳз тавассути ин ярмаркаҳо 10592 ҷойи кор пешкаши корҷӯён гардид. Аз 4819 муроҷиати шаҳрвандон ба ихтисосҳои гуногун 1900 нафар бо ҷои кор аз рӯи ихтисос таъмин гардида, 682 нафар ба корҳои ҷамъиятию мавсимӣ ва 695 нафар ба касбомӯзӣ сафарбар гардиданд. Дар ярмакаи имрӯза бештари ҷойҳои корӣ аз ҷониби шӯъбаҳои маориф ва фарҳанги шаҳру ноҳияҳо барои интихоб гузошта шуда буд, ки аксарияти шаҳрвандон ҷойҳои муносибро дарёфт намуданд. Раёсати Агентии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатии минтақаи Кӯлоб ният дорад, ки то охири соли 2010 якчанд ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ баргузор намояд .








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






