ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ ҲИФЗ МЕШАВАНД
Душанбе, 24 август. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ хабар доданд, айни ҳол аз ҷониби вазорати мазкур нисбат ба Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ» дар вилоятҳои Суғду Хатлон як силсила тадбир андешида мешаванд. Аз ҷумла, барои кормандони ҳифзи ёдгориҳо дар маҳалҳо маҷмўаи санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ ва дастурамалҳо нашр гардида, ба шаҳру ноҳияҳо фиристода шуд. Ҷиҳати вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ бо дархости вазорат Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбир андешида, ба раиси хоҷагии деҳқонии «Марказ»-и ноҳияи Ҷилликӯл Ҷ. Азизов барои хароб кардани ёдгории Қалъаи Шодигӣ тибқи моддаи 148 Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурӣ ҷазо дар шакли ҷарима муайян намуд. Ҳамчунин, раиси шаҳри Панҷакент муваззаф гардид, ки оид ба бартараф кардани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароити ба онҳо мусоидаткунанда нисбат ба ёдгориҳо пешниҳод ирсол намояд. Бояд ёдрас шуд, ки Вазорати фарҳанг бо мақсади амалӣ кардани қонуни зикршуда бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти иҷроияи давлатӣ ҳамкории зичро ба роҳ монда, фаъолияти худро пурзўр менамояд. Масалан, даъвои Вазорати фарҳанг оид ба қарори ғайриқонунии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳисор таҳти рақами 534 дар бораи ба шаҳрванд Нуров Шоҳин додани ҳуқуқи истифодаи 0,66 га. замини Мамнўъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор тасдиқ гардида, барои баргардонидани ҳудуди тасарруфшуда аз ҷониби кормандони мамнўъгоҳ ба суди ноҳияи Ҳисор аризаи даъвогӣ ирсол гардидааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






