ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИК АЗ ПОКИСТОН БАРГАШТАНД

Август 16, 2010 15:36

         Душанбе, 16 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 16 август гурӯҳи журналистони тоҷик аз Ҷумҳурии Исломии Покистон баргаштанд. Ҳайати журналистони тоҷик, ки аз кормандони радиои «Овози тоҷик», шабакаи телевизионии иттилоотии «Ҷаҳоннамо», нашрияҳои «Ҷавонони Тоҷикистон» ва «Народная газета» иборат буданд, муддати даҳ рӯз — аз 5 то 15 август аз шаҳрҳои калонтарини Покистон, ба мисли Исломобод, Карочӣ ва Лоҳур дидан намуданд.         Сафари намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба Покистон бо даъвати вазорати иттилооти ин кишвар ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе ҷараён гирифта, ҳадафаш шиносоӣ бо вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Покистон буд.        Тавре дар сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» Сайфиддин Суннатӣ гуфт, зимни сафари даҳрӯза журналистони тоҷик бо вазъи фаъолияти васоити ахбори оммаи Покистон- радиою телевизион ва нашрияҳои давлатӣ шинос гардида, бо роҳбарияти радиои давлатӣ, ва телевизиону сардабирони нашрияҳои ин кишвар мулоқот доштанд.          Ҳамзамон, намояндагони ВАО-и Тоҷикистон ҷойҳои таърихию фарҳангии Покистон ба монанди мақбараи асосгузори давлати Покистон Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ, оромгоҳи Аллома Иқболи Лоҳуриро зиёрат карда, аз масҷидҳои подшоҳӣ ва «Файсал» ва осорхонаи миллии Покистон дар шаҳрҳои Лоҳур, Исломобод ва Карочӣ боздид намуданд.  

Август 16, 2010 15:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад