ЖУРНАЛИСТОНИ ТОҶИК АЗ ПОКИСТОН БАРГАШТАНД
Душанбе, 16 август.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 16 август гурӯҳи журналистони тоҷик аз Ҷумҳурии Исломии Покистон баргаштанд. Ҳайати журналистони тоҷик, ки аз кормандони радиои «Овози тоҷик», шабакаи телевизионии иттилоотии «Ҷаҳоннамо», нашрияҳои «Ҷавонони Тоҷикистон» ва «Народная газета» иборат буданд, муддати даҳ рӯз — аз 5 то 15 август аз шаҳрҳои калонтарини Покистон, ба мисли Исломобод, Карочӣ ва Лоҳур дидан намуданд. Сафари намояндагони васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ба Покистон бо даъвати вазорати иттилооти ин кишвар ва Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе ҷараён гирифта, ҳадафаш шиносоӣ бо вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии Покистон буд. Тавре дар сӯҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мудири шӯъбаи нашрияи «Ҷавонони Тоҷикистон» Сайфиддин Суннатӣ гуфт, зимни сафари даҳрӯза журналистони тоҷик бо вазъи фаъолияти васоити ахбори оммаи Покистон- радиою телевизион ва нашрияҳои давлатӣ шинос гардида, бо роҳбарияти радиои давлатӣ, ва телевизиону сардабирони нашрияҳои ин кишвар мулоқот доштанд. Ҳамзамон, намояндагони ВАО-и Тоҷикистон ҷойҳои таърихию фарҳангии Покистон ба монанди мақбараи асосгузори давлати Покистон Муҳаммад Алӣ Ҷиноҳ, оромгоҳи Аллома Иқболи Лоҳуриро зиёрат карда, аз масҷидҳои подшоҳӣ ва «Файсал» ва осорхонаи миллии Покистон дар шаҳрҳои Лоҳур, Исломобод ва Карочӣ боздид намуданд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






