ҒОРАТГАРӢ ДАР РӮЗИ РАВШАН
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 31 августи соли равон ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ аризаи шаҳрванд Кузнетсова Ирина, соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи пойтахт ворид гардид. Дар он гуфта шудааст, ки 31 августи соли равон дар маҳаллаи 64-ум, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ шахси номаълум ошкоро аз дасташ ҷайбдонашро, ки дар дохилаш 120 сомонӣ ва 1 адад телефони мобилии тамғаи «Нокиа-2700» буда, маблағи умумиашон 700 сомониро ташкил медод, тасарруф намуда, ғайб задааст. Тавре аз дафтари матбуоти ВКД ҶТ иттилоъ доданд, дар вақти гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Тағоев Ҷалолиддин, соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи маҳаллаи Гулбуттаи пойтахт дастгир карда шуд. Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






