ҚАЛЛОБӢ ОШКОР ШУД
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – 15 сентябри соли равон ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи И. Сомонии пойтахт аризаи Назаров Нуралӣ, (соли таваллудаш 1982) истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ворид гардид. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар ариза навишта шудааст, ки моҳи майи соли 2010 Қаюмов Сорбон (соли таваллудаш 1983), истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ба боварии Назаров Н. даромада, аз ӯ 5 ҳазор доллари ИМА маблағ барои додани қитъаи замин аз маркази ноҳияи Восеъ гирифта, то ҳол ба ӯ на маблағ додаст ва на замини наздиҳавлигӣ ҷудо намудааст. Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






