Қ. РАСУЛЗОДА: «ҲАНӮЗ САТҲИ ДОНИШИ ХОНАНДАГОН ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ»
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Ҳарчанд дар шаҳри Хуҷанд барои таҳсил ҳама шароитҳо муҳайё ҳастанд, ҳанӯз сатҳи дониши хонандагон қонеъкунанда нест, кадрҳои омӯзгорӣ намерасанд, эътибор ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ беҳбудӣ металабад», — тазаккур дод раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар Рӯзи дониш, зимни мулоқот бо омӯзгорону хонандагони мактаби таҳсилоти умумии рақами 5-и маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд. Раиси вилоят изҳор дошт, ки сол аз сол маблағгузории соҳаи маориф дар вилоят меафзояд. Бахусус, соли ҷорӣ ба соҳаи маориф равона сохтани 53%-и даромади буҷети вилоят ба нақша гирифта шуд. Дар давоми 5 соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо мактабу синфхонаҳои иловагӣ барои 27 ҳазор нафар хонанда сохта ба истифода дода шуд, ки зиёда аз 10 ҳазори он аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағгузорӣ гардид. Дар соли ҷорӣ низ сохтмони мактабу синфхонаҳои иловагӣ барои 3626 ҷой ба нақша гирифта шудааст. Маврид ба ёдоварист, ки раиси вилоят зимни боздид аз мактаби таҳсилоти умумии рақами 5-и маҳаллаи ба номи Ҷ. Расулов ба ин мактаб 10 адад компютер тақдим кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад






