Қ. РАСУЛЗОДА: «ҲАНӮЗ САТҲИ ДОНИШИ ХОНАНДАГОН ҚОНЕЪКУНАНДА НЕСТ»

Сентябрь 2, 2010 10:18

Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — «Ҳарчанд дар шаҳри Хуҷанд барои таҳсил ҳама шароитҳо муҳайё ҳастанд, ҳанӯз сатҳи дониши хонандагон қонеъкунанда нест, кадрҳои омӯзгорӣ намерасанд, эътибор ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ беҳбудӣ металабад», — тазаккур дод раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода дар Рӯзи дониш, зимни мулоқот бо омӯзгорону хонандагони мактаби таҳсилоти умумии рақами 5-и маҳаллаи ба номи Ҷаббор Расулови шаҳри Хуҷанд. Раиси вилоят изҳор дошт, ки сол аз сол маблағгузории соҳаи маориф дар вилоят меафзояд. Бахусус, соли ҷорӣ ба соҳаи маориф равона сохтани 53%-и даромади буҷети вилоят ба нақша гирифта шуд. Дар давоми 5 соли охир  аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо мактабу синфхонаҳои иловагӣ барои 27 ҳазор  нафар хонанда сохта ба истифода дода шуд, ки зиёда аз 10 ҳазори он аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маблағгузорӣ гардид. Дар соли ҷорӣ низ сохтмони мактабу синфхонаҳои иловагӣ  барои 3626 ҷой ба нақша гирифта шудааст. Маврид ба ёдоварист, ки раиси вилоят зимни боздид аз мактаби таҳсилоти умумии рақами 5-и маҳаллаи ба номи Ҷ. Расулов ба ин мактаб 10 адад компютер тақдим кард.  

Сентябрь 2, 2010 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд