ҲАМЛАИ АВБОШОНИ САРТАРОШИДА БА МУҲОҶИРОН
Маскав, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Ҳалима Хушқадамова). — 19 сентябр Васоити ахбори оммаи Русия хабари дар шаҳри Домодедоваи назди шаҳри Маскав ба 5 нафар шаҳрванди Тоҷикистон ҳуҷум намудани гурӯҳи ҷавонони дар рӯҳияи тундгароӣ тарбияёфтаро ба нашр расонид. Пас аз задухӯрд ҳамаи панҷ нафар ба беморхона, аз ҷумла се нафарашон ба шӯъбаи бемориҳои вазнин интиқол дода шудаанд. Хабар дода мешавад, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои мардикорӣ ба Русия омадаанд, баногоҳ аз кунҷе якбора гурӯҳи наврасони авбоши сартарошида ҳуҷум намуданд. Зимни ҳуҷум кордро ҳам истифода бурдаанд ва бар асари он ҳамаи панҷ нафар захми корд бардоштаанд. Агентии «Интерфакс» хабар медиҳад, ки баъди бархӯрди бошиддат гурӯҳи ҷавонони тундгаро аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд. Ҷустуҷӯи онҳо то ҳол натиҷа надодааст. Новобаста аз симои зоҳирӣ аён аст, ки онҳо авбошони сартарошида мебошанд. «Айни замон шаҳрвандони зарардидаи Тоҷикистон дар беморхонаи маҳаллӣ бистарианд. Вазъи саломатии се нафарро духтурон вазнин арзёбӣ менамоянд. Ду нафари дигараш дар шӯъбаи ҷароҳатбандӣ табобат гирифта истодааст», — хабар доданд аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба Агентӣ.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд






