ҲАММАСЛАКОНИ ҶИНОЯТКОРИ ҚИРҒИЗ КИҲОЯНД?
Хуҷанд, 23 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова),-Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шоҳроҳи Хуҷанд-Исфара-Боткент автомашинаи тамғаи «Аудӣ»-ро бо гумони доштани маводи мухаддир боздошт намуданд. Ҳангоми кофтукови автомашина, ки ба шаҳрванди 20 солаи Қирғизистон тааллуқ дорад, аз бордони он 11 қуттии коғазӣ дарёфт намуданд, ки дар дохили он 72 бастаи селофанӣ ҷойгир шуда буд. Санҷиши лабораторӣ 74 килову 190 грамм афюн будани моддаи дохили бастаҳоро муайян намуд. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтиш идома дорад. Айни замон нақшаи чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ-тафтишотӣ тарҳрезӣ шудаанд, то ки сарчашмаи воридшавӣ, ҷараёни минбаъдаи интиқоли ин миқдор маводи мухаддир ва ҳаммаслакони шахсони ба ин ҷиноят сару кор дошта ошкор шавад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






