ҶАЛАСАИ ШЎРОИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 28, 2010 08:37

27 сентябри соли 2010 таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи навбатии Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он масъалаҳои вобаста ба ҳодисаҳои вақтҳои охир баамаломада, таҳкими тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҷаласа гузориши Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар шунида шуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳодисаҳои дар давоми моҳҳои охир рўйдода, аз ҷумла фирори маҳбусон аз тавқифгоҳи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, амалҳои террористӣ ва дигар ҷиноятҳои вазнини дар қаламрави мамлакат содиршударо таҳти муҳокимаи ҷиддӣ қарор дода, аз Прокуратураи  генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои низомӣ, инчунин Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии назорати маводи нашъаовар талаб намуданд, ки фаъолияти худро ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани ҷиноятҳои  хавфноки муосир, аз ҷумла терроризм, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва коррупсия ба таври ҷиддӣ тақвият бахшанд. Бо мақсади ислоҳи қатъӣ ва ҳатмии камбудиҳои зикршуда ва бо дарназардошти вазъи ба вуҷудомада дар назди тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои низомӣ ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд. Аз ҷумла ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамаи сохтору мақомоти дахлдори давлат таъкид гардид, ки вазъи оперативию ҷиноии тамоми қаламрави мамлакатро ҳарчи зудтар ба эътидол оварда, ҷиҳати таъмини амнияти давлат, сулҳу суботи ҷомеа ва оромии мардуми кишвар, такмили ихтисоси ҳайати шахсӣ ва баланд бардоштани малакаи касбии хизматчиён, тақвият бахшидан ба ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, баланд бардоштани масъулияти хизматчиёни ҳарбӣ, таҳкими мубориза бо гурўҳҳои муташаккили ҷиноятпеша ва сари вақт ошкор намудани ҷиноятҳои содиршуда диққати махсус зоҳир намоянд ва самаранокии фаъолияти ҳамаи ҷузъу томҳои худро пурзўр созанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро огоҳ сохтанд, ки вазифаи ба зиммадоштаи худро бо дасту дили пок ва масъулияти баланд иҷро карда, қарзи худро дар назди давлат ва мардум дар сатҳи баланди касбӣ адо намоянд, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои мубориза бар зидди ҳама гуна қонуншиканӣ, аз ҷумла амалҳои террористӣ ва кўшишҳои ифротгароёна ҳамеша омода бошанд ва бо истифода аз тамоми воситаву имкониятҳое, ки давлат дар ихтиёри онҳо қарор додааст, ваҳдати миллӣ, сулҳу осудагии ҷомеа ва дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистонро таъмин намоянд. Дар анҷоми ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба оилаву пайвандони афсарону аскарони ҳалокшуда изҳори ҳамдардии амиқ намуда, ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар ҷараёни ҳодисоти вақтҳои охир фаъолона ва фидокорона ширкат доштанд, сипосу миннатдорӣ баён карданд, инчунин ба онҳое, ки ҷароҳат бардоштаанд, шифои комил хоста, таъкид сохтанд, ки барои ҳарчи зудтар дастгир ва безарар гардонидани ҷинояткорон ва ба ҷазои қонунӣ гирифтор намудани онҳо тамоми чораҳо андешида шаванд.

Сентябрь 28, 2010 08:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 8 август дар Прокуратураи генералӣ, Вазорати молия, Кумитаи андоз, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«Анор»: Вақте шунидани овоз муҳимтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Аз корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон ба хориҷи мамлакат беш аз 134 ҳазор тонна семент содирот гардид
7 август дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ, Хадамоти гумрук ва Палатаи ҳисоб нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 143 миллион доллар гандум ворид карда шудааст