ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛ КАШОЛ МЕЁБАД
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои маркази матбуот ва иттилооти Вазорати кишоварзӣ, соли ҷорӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (НТҶ) майдони кишти ғалладона ва лӯбиёгӣ ба 63 ҳазору 662 гектар расонида шудааст, ки то имрӯз аз он масоҳати беш аз 55 гектараш даравида шуда, ҳосили 51 ҳазору 900 гектари он кӯфта гирифта шудааст. Ба иттилои Раёсати растанипарварии вазорати мазкур ҳосилнокии зироат дар ин минтақаи ҷумҳурӣ аз ҳар гектар ба 19, 4 сентнерӣ расонида шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 2 сентнерӣ зиёд аст. Айни замон аз 54684 гектар майдони кишти гандум ҳамагӣ 48896 гектари он ҷамъовари шудааст. Рӯзҳои боронӣ наздик аст, ҷамъоварии қариб 5 ҳазор гектар замини гандумзор дар НТҶ кашол дода мешавад. Ин дар ҳолест, ки нархи ғаллаи воридотӣ рӯз аз рӯз боло рафта, нархи як халта орд аз 70 – 75 ба 125 – 130 сомонӣ расидааст.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






