ҶОИЗАҲОИ ВИЛОЯТӢ СУПОРИДА БА КӢ СУПОРИДА МЕШАВАНД?
Душанбе, 1 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Cоҳибони ҷоизаҳои вилоятии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров дар соли 2010 муайян шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд. Ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ дар соҳаи адабиёт ба нависанда – Махкам Пӯлод ва ба шоира – Адиба Мирзоева, дар соҳаи санъати мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ ба Шаҳло Ҷалилова ва Саодат Саломова дода мешаванд. Ҳамчунин, ҷоизаҳои ба номи Бобоҷон Ғафуров дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ба доктори илми суханшиносӣ, профессор Неъматҷон Файзуллоев ва дар соҳаи илмҳои дақиқ ба доктори илми таърих, профессор Хуршед Абдуллозода дода мешаванд. Маврид ба ёдоварист, ки бо пешниҳоди Кумитаи ҷоизаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Бобоҷон Ғафуров шахсони номбаршуда бо қарори раиси вилояти Суғд тасдиқ гардиданд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






