ҶОПОН – МАБЛАҒГУЗОРИ МАКТАБИ НАВ
Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Имрӯз дар ҷамоати “Роштқалъа”-и ноҳияи Роштқалъа маросими ифтитоҳи мактаби миёнаи №27 баргузор гардид. Дар ҷашни кушодашавии он сарпарасти Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Йошихиро Накаяма ва раиси ноҳияи Роштқалъа Амоншо Наврӯзшоев иштирок намуданд. Лоиҳаи барқарорсозии мактаби миёнаи № 27 дар ноҳияи Роштқалъа ба маблағи умумии 90,939 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон, дар чаҳорчӯби кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои қисми зиёди аҳолӣ маблағгузорӣ шуда буд, бомуваффақият ба итмом расид. Мавриди зикр аст, ки дар мактаби мазкур, 300 нафар талаба таҳсил намуда, 49 омӯзгор фаъолият доранд ва он соли 1954 (қисман соли 1970) сохта шудааст. Яке аз биноҳои мактаб, ки то ҳол таъмири капиталӣ нашудааст, дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Толибилмон маҷбур буданд дар бинои дигар хонанд, зеро ки ҷойи нишаст намерасид. Инчунин, аз сабаби шароити номусоиди мактаб бархе аз толибилмон хонишро қатъ намуда буданд. Баҳри таъмини шароити хуби омӯзиш дар мактаб, таъмири капиталии бинои фарсудашуда, азҷумла, таъмири бом, барқарорсозии деворҳо ва фарш амалӣ гашт. Дар назар аст, лоиҳаи мазкур муҳити омӯзиши кӯдакони синну соли мактабравро дар ноҳияи Роштқалъа беҳтар месозад. Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 255 лоиҳаи кӯмаки башариро ба маблағи умумии $18.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд






