29 МУЗОЯДА ДАР 8 МОҲ
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Тибқи қарори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, дар 8 моҳи соли ҷорӣ 29 музояда таъин гардид,- гуфт директори Корхонаи воҳиди давлатии оид ба ташкили фурӯши амволи давлатӣ Умарҷон Зарипов ба мухбири АМИТ «Ховар». Ба гуфти Умарҷон Зарипов, дар ин муддат- (8 моҳи соли ҷорӣ), аз ҷумла: 4 музояда оид ба фурӯши саҳмияҳои давлатии ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, 4 музояда оид ба фурӯши амвлои ҳабсгардида, 7 музоядаи фурӯши иншооти ғайриманқул ва 14 музояда оид ба фурӯши воситаҳои нақлиёт баргузор гардид, ки ҳамаи он тавассути ахбори умум пешкаши аҳолӣ гардонида шуда буд. Дар давоми 8 моҳи соли 2010 танҳо дар 4 музоядаи аз фурӯши саҳмияҳои ба давлат тааллуқдоштаи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ 19 млн. 716 ҳазору 283 сомонӣ ба буҷа ворид карда шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






