3 НАФАР ГУМОНБАРОНИ ТАРКИШ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД
Тавре ки иттилоъ дода будем, рӯзи 3 сентябри соли 2010, тахминан соати 08.05 дақиқа дар ҳавлии бинои Шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷинояткориҳои муташаккили РКД ҶТ дар вилояти Суғд аз ҷониби ашхоси ҷинояткори номаълум амали террористӣ содир шуда буд. Дар натиҷа 2 нафар кормандони Шӯъбаи мазкур — қаторӣ Маёқубов А. А. дар ҷойи ҳодиса ва лейтенанти калон Маҳкамов А. Щ. аз ҳисоби бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар бемористон ба ҳалокат расида, 28 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Оид ба ҳодисаи мазкур тибқи моддаҳои 179 қисми 3 ва 104 қисми 2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Барои муайян ва дастгир намудани нафарони дар ин ҷинояти ваҳшиёна дастдошта аз тарафи кормандони РКДАМ ҶТ дар вилояти Суғд силсилаи амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, дар натиҷа рӯзи 12 сентябри соли 2010 3 нафар шахсони гумонбар дастгир карда шуданд. Нисбати онҳо аз ҷониби гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии прокуратураи вилояти Суғд тафтишоти пешакӣ идома дорад. Ному насаби дастгиршудагон бо мақсади халалдор насохтани ҷараёни тафтишоти пешакӣ ошкор карда намешавад. Аз рафти тафтишот ва қарори қонунии қабулшуда иловатан хабар дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад






