3 НАФАР ГУМОНБАРОНИ ТАРКИШ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД

Сентябрь 20, 2010 11:46

Тавре ки иттилоъ дода будем, рӯзи 3 сентябри соли 2010, тахминан соати 08.05 дақиқа дар ҳавлии бинои Шӯъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷинояткориҳои муташаккили РКД ҶТ дар вилояти Суғд аз ҷониби ашхоси ҷинояткори номаълум амали террористӣ содир  шуда буд. Дар натиҷа 2 нафар кормандони Шӯъбаи мазкур — қаторӣ Маёқубов А. А. дар ҷойи ҳодиса ва лейтенанти калон Маҳкамов А. Щ. аз ҳисоби бардоштани ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар бемористон ба ҳалокат расида, 28 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд. Оид ба ҳодисаи мазкур тибқи моддаҳои 179 қисми 3 ва 104 қисми 2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Барои муайян ва дастгир намудани нафарони дар ин ҷинояти ваҳшиёна дастдошта аз тарафи кормандони РКДАМ ҶТ дар вилояти Суғд  силсилаи амалиётҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида шуда, дар натиҷа рӯзи 12 сентябри соли 2010 3 нафар шахсони гумонбар дастгир карда шуданд. Нисбати онҳо аз ҷониби гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии прокуратураи вилояти Суғд тафтишоти пешакӣ идома дорад. Ному насаби дастгиршудагон бо мақсади халалдор насохтани ҷараёни тафтишоти пешакӣ ошкор карда намешавад. Аз  рафти тафтишот ва қарори қонунии қабулшуда иловатан хабар дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ҶТ хабар доданд.      

Сентябрь 20, 2010 11:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.1500 то 10.3281 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 27 октябр, сешанбе, 300 — умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!