62 АДАД ҒАЛТАКЧА ДАР ТАГИ ЛИБОС
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- 15 августи соли ҷорӣ кормандони гумруки фурӯдгоҳи раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе ҳангоми ба расмиятдарорӣ ва назорати гумрукии мусофирони хатсайри рақами 627 самти Душанбе-Маскав шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Шафиеви 20 соларо дар интиқоли ғайриқонунии маводи нашъаовар тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гумонбар дониста, аз парвоз боздоштанд. Кормандони гумрук ҳангоми муоинаи гумрукӣ аз таги либоси А. Шафиев 62 адад ғалтакчаҳои селофании дорои хокаи ба маводи героин монандро дарёфт ва мусодира намуданд. Маводи нашъаовари дарёфткардашуда навъи героин буда, вазнаш 311, 5 граммро ташкил дод. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ кушода шуда, тафтиш идома дорад.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






