624 ХОНАНДА ДАР МАКТАБИ ДУОШЁНА

Сентябрь 13, 2010 17:23

Ҳамадонӣ, 13 сентябр. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). —  Бахшида  ба  ҷашни  19-умин  солгарди  Истиқлолияти  ҶТ  ва  900  рӯзи  ободонию   созандагӣ   дар  ҷамоати   деҳоти  Меҳнатободи  ноҳияи  Мир  Саийид  Алии  Ҳамадонӣ   аз  тарафи  соҳибкор  Мирмулло  Файзалиев  як  нуқтаи  савдои  фурӯши   маводи  нафтӣ   ба маблағи  120  ҳазор  сомонӣ,   инчунин,  аз  тарафи  соҳибкор  Сайидаҳмад  Холов    як  мағозаи   дуошёнаи  замонавӣ  ба  маблағи  70 000  сомонӣ  сохта  ба  истифода  дода  шуд. Абдуҷаббор  Катаев,  муовини  раиси  ноҳия  оид  ба  корҳои сохтмонӣ  ва  саноати  ноҳия  афзуд, ки дар ноҳия  дар 9  моҳи  соли  ҷорӣ  ба  маблағи  7  миллиону  740  ҳазор  сомонӣ  корҳои барқароркунӣ  ба  итмом  расонида  шудаанд. Бо  маблағгузории  ҳукумати  ноҳия  ва  Бонки  исломии  Рушд    дар шаҳраки Москва мактаби  дуошёна  барои  624  хонанда  ба  маблағи  7 млн.  500 ҳазор  сомонӣ, инчунин,    болопӯши  мактаби  деҳаи  Ҳаёти  нав  дар ҷамоати деҳоти  Чӯбек  бо маблағгузории  ҳукумати  ноҳия  ва Фонди  умумиҷаҳонии  Рушд  бо  маблағи  130 ҳазор  сомонӣ  сохта,  ба  истифода  дода  шуд

Сентябрь 13, 2010 17:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад