АМАЛИ АЗ АҚЛ БЕРУН Ё АМАЛИ БОАҚЛОНА

Сентябрь 24, 2010 09:05

Душанбе, 24 сентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Дар давоми 19 соли Истиқлолияти давлатӣ иқтисодиёти кишоварзӣ ва боғдорӣ дар ноҳияи Ванҷ ба таври шинохтанашаванда рушд кард,- иброз дошт роҳбари дастгоҳи раиси  ноҳияи Ванҷ Зиёратшо Пиров ба мухбири АМИТ «Ховар».    Тибқи маълумоти омори ноҳия, дар солҳои аввали истиқлолият (1991 — 95) дар ноҳияи Ванҷ ҳамагӣ 1520 тонна ғалла, 7200 тонна картошка, 2700 тонна мева, 2040 тонна сабзавот ва 70 тонна  чормағз истеҳсол карда шудааст.    Бо гузашти боз 15 соли дигари Истиқлолият (1995 – 2010) истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ  ду баробар зиёд   шуд.    Акнун ҳамасола    хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) – и ноҳия 2430 тонна ғалладона, 10 ҳазору 870 тонна картошка, 4730 тонна сабзавот, 6950 тонна мева ва 143 тонна чормағз истеҳсол менамоянд. Ҳамчунин, ҳар сол дар қаламрави ноҳия аз 50 то 100 гектар заминҳои нав кушода шуда, боғҳои себу зардолу, ноку чормағз бунёд мегарданд.    Ҳоло дар домани пиряхи Хирсон даҳҳо гектар боғҳои меваҳои шаҳдбор ва чормағз бунёд шудааст, ки то давраи Истиқлолият  мутахассисон  инро як  амали аз ақл берун медонистанд.

Сентябрь 24, 2010 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад