АНҶУМАНИ САРАТОНШИНОСОН (ОНКОЛОГҲО)
Душанбе, 30 сентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои директори Маркази саратоншиносии ҷумҳурӣ Дилшод Зокирхоҷаев, аз 1 – ум то 4 – уми октябри соли ҷорӣ дар пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе анҷумани саратоншиносони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад. Бино ба иттилои ҳамин манбаъ, дар кори анҷуман беш аз 300 нафар олимони саратоншинос, аз ҷумла 100 нафар академику профессорон ва роҳбарони марказҳои саратоншиносии ИДМ ширкат меварзанд. Дар кори анҷуман ҳамчунин пешоҳангони саратоншиносии ИМА, Ҷопон, Италия, Швеетсия, Чехия ва дигар намояндагони соҳаи саратоншиносии давлатҳои хориҷи дур иштирок менамоянд. Мақсад аз баргузории ин анҷуман муҳокима, пешгирии бемориҳои нави саратон ва усулҳои нави табобати он мебошад. Дар доираи баргузории анҷуман дар муҷтамаи давлатии «Кохи Ваҳдат» намоишгоҳи тиббӣ кушода мегардад, ки дар он намунаҳои доруи нави зидди бемории саратон манзури тамошобинон гардонида мешаванд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






