АШКРЕЗИИ ТУРКМАНҲО ДАР ФУРУДГОХ

Сентябрь 28, 2010 12:13

Душанбе, 28 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшода Ҷонмардова). – Мухбири АМИТ «Ховар» имкон пайдо намуд, ки зимни сафари иштирокчиён ва меҳмонони Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон, ки 25 сентябри соли ҷорӣ ба анҷом расид, бо онҳо пиромуни сафар ба кишвари мо сӯҳбат намояд. Ҳамсӯҳбати аввалини мухбири мо Нависандагони халқии Туркманистон Отамурод Отабоев ва Тоҷмамед Ҷурдаков мебошанд. «Мо худро дар меҳмонӣ не, балки дар хонаи худ ҳис намудем. Моро хеле гарму ҷӯшон пазируфтанд. Бахусус, вақте, ки мо дар қабули муовини аввали вазири фарҳанг Миралӣ Достиев ҳузур доштем ва беҳтарин суханҳои самимӣ ва меҳрубонӣ дар васфи мардуми туркман ва ҳайати мо гуфта шуд. Ин сафар аз мо нависандагон вобастагии калон дорад, мо бояд тамоми қувваамонро ба он сарф намоем, ки миёни халқҳоямон сулҳ ва дӯстӣ мустаҳкам бошад. Хусусан, барои мо вохӯрӣ бо ҳамватанонамон дар ноҳияи Ҷилликӯл бисёр фаромӯшнашаванда буд. Дар ҷамоати ба номи Эшбек Сатторов, ки дар он ҷо аз қадим туркманони муқимӣ истиқомат мекунанд, барномаи консертӣ бо иштироки устодони санъати Туркманистон баргузор гардид. Ҳайратовар он буд, ки моро дар ҳама ҷо чун наздикони худ бо лутфу меҳрубонӣ пазироӣ намуданд. Ин ба мо хеле хуш омад. Дар охир  мехоҳем, ба ташкилкунандагони чунин чорабинии дилпазир-Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон миннатдории самимии худро иброз намоем.  Акнун дар навбати худ бесаброна ташрифи дӯстони азизи тоҷики худро ба сарзамини турманҳо интизор мешавем», афзуданд нависандагони халқии Туркманистон. Ҳамсӯҳбати дигари мо корманди Маркази миллии фарҳанги Туркманистон Рустам Неъматов дар сӯҳбат қайд намуд, ки «пойтахти шумо шаҳри Душанбе ба ман бисёр хуш омад, мардуми ин ҷо хеле меҳмондӯсту меҳрубонанд. Махсусан, ҳангоме ки дар «Кохи Борбад» ҳунармандони мо маҳорати худро нишон доданд, мухлисон баромади ҳар як сарояндаро бо кафкӯбии бардавом истиқбол намуданд. Дар Душанбе ман бисёр расм гирифтам. Ҷойҳои зебо ва тамошобоб дар ватани шумо хеле зиёд аст. Ёдгории таърихии Қалъаи Ҳисор ба ман бисёр хуш омад. Пазироии гарм ва меҳмоннавозии тоҷикон, шаҳри дилоро ва манзараҳои зебои табиат аз хотири ман ҳеҷ гоҳ зудуда намешавад», -гуфт дар хотима Р. Неъматов.             Қабл аз парвози ҳавопаймо ба мо муяссар гардид, ки бо роҳбари ҳайати туркманҳо, директори Маркази миллии фарҳангии Туркманистон Тувақбибӣ Дурдиева ҳамсӯҳбат шавем.             Ӯ зимни бозгашт аз Душанбе ба ватанаш бо чашмони пур аз ашки шодӣ, ба ҳамаи намояндагони Тоҷикистон гуфт, ки «Дар ёди мо меҳмондории самимӣ ва дӯстии халқи тоҷик  то абад боқӣ мемонад. Мо ҳар дақиқаи дар Тоҷикистон гузаронидаи худро ба хотир оварда, дӯстони худро дар диёри Туркманистон интизор мешавем. Марҳабо ! Хайр дӯстон !», бо чунин суханони фаромӯшнашаванда ӯ фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанберо тарк намуд. — Ҳавопаймо бо дӯстони туркманӣ роҳ сӯи Ашқобод гирифт.

Сентябрь 28, 2010 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон рӯзона борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар шаҳри Бӯстон доир ба татбиқи лоиҳаҳои муштараки иҷтимоӣ бо соҳибкорон вохӯрӣ баргузор шуд
Дар даҳсолаи охир дар ҷаҳон шумораи одамони бо гуруснагии фалокатбор рӯбарӯ нуҳ маротиба афзоиш ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Озмуни ҷумҳуриявии «Ҷавонон муқобили коррупсия» баргузор мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе маркази муосири телефонҳои мобилӣ ва фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии «Real Phone» ифтитоҳ гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Мусобиқаи кӯдаконаи «МегаФон Life дар сабки футбол»: мавсими 2026 дар марҳилаи оғозёбӣ қарор дорад!
ХУДШИНОСӢ ВА ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ — ОМИЛИ КАЛИДИИ ҲИФЗИ ИСТИҚЛОЛ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Андешаҳо дар мавриди пойдории ҳуқуқии давлат дар таълимоти Президенти Тоҷикистон
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад