АЗ 435 ҶОЙИ КОРИИ ХОЛӢ 20 ҶОЙ ИНТИХОБ ГАРДИД

Сентябрь 16, 2010 09:45

Душанбе, 16 cентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод)-. Бино ба иттилои бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, дар ярмаркаи ҷойҳои  кории  холӣ, ки Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода бо иштироки муассисаҳои таълимии сохторҳои зертобеи Агентӣ дар боғи фарҳангии шаҳр доир  намуданд, 34 корхонаю муассисаҳо  435 ҷойҳои кории холиро барои корҷӯён пешниҳод  карданд.      Тибқи мувофиқаи қаблӣ бо шабакаи ТВ «Регар» ва дигар васоити ахбори омма, гузоришу мусоҳибаҳо оид ба баргузории ярмарка ва ташкили  ин чорабинӣ, ки барои бо шуғл фаро гирифтани шаҳрвандони бекор мусоидат мекард, сабт гардида, пешкаши шаҳрвандон гардонида шуд. Ҷиҳати инъикоси ярмарка дар ВАО мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Турсунзода М. Азизова, сардори Раёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Турсунзода Ш. Камолов ва чанде аз касбомӯзони марказ фикру мулоҳизаҳои хешро баён намуданд.     Дар ярмаркаи мазкур танҳо 20 нафар корҷӯён бо маоши барои онҳо мувофиқ барои худ ҷойи кори доимӣ пайдо намуда, 12 нафар барои омӯзиши касбҳо роҳхат гирифтанд.    

Сентябрь 16, 2010 09:45

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад