АЗМИ ҲУНАРМАНДОНИ ТЕАТР
Душанбе, 16 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).-Аз 10 то 19 сентябри соли равон ҳунармандони Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар вилояти Суғд сафари ҳунарӣ доранд. Онҳо ба тамошобинон се намоишномаро аз рӯи асарҳои Фаттоҳ Одинаев, Дамир Дӯстмуҳаммадов ва Геннадий Гладков намоиш медиҳанд. Ба ғайр аз ин дар барномаи ҳунарии театр консертҳои оркестри вокалӣ — симфонӣ дохил карда шудаанд. Тавре директори театри мазкур Холаҳмад Маҷидов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, маросими ифтитоҳи ботантанаи чорабинӣ дар Театри мусиқӣ — мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ баргузор мегардад. Консертҳо бошанд дар шаҳрҳои Исфара ва Қайроққум гузаронида мешаванд. Дар қисмати опера операсарои маъруф Рустам Дуллоев ҳунарнамоӣ мекунад, ки айни замон дар Итолиё зиндагӣ дорад.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






