БА ҚОНУНИ МУДОФИА ТАҒЙИРОТ ВОРИД КАРДА МЕШАВАД

Сентябрь 6, 2010 14:46

Душанбе, 6 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- 6 сентябри соли 2010 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони мамлакат баргузор шуд.         Дар ҷаласа лоиҳаи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тибби оилавӣ», оид ба ворид намудани илова ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2010», «Дар бораи Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳомӣ», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии  давлатии соҳибкорӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи корхонаҳои давлатӣ» , «Дар бораи кооперативҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ  ба баъзе намудҳои фаъолият», «Оид ба  ворид намудани  тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»,  «Дар бораи феҳрасти давлатӣ»,  «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни  мурофиаи судии ҷиноятӣ» баррасӣ гардиданд.         Тибқи иттилои сардори маркази матбуоти Маҷлиси  намояндагон Муҳаммадато Султонов,  дар ҷаласаи Шӯро,  ҳамзамон, масъалаи  ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси  меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима шуд.           Дар фарҷоми ҷаласа қисме аз масъалаҳо барои хулосабарорӣ  ба Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон  ва қисми дигар ба иҷлосияи палатаи поёнии парлумони мамлакат пешниҳод гардид.

Сентябрь 6, 2010 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад