БА ПАХТАЧИНҲОИ ПЕШҚАДАМ МОШИН МЕДИҲАНД

Сентябрь 15, 2010 08:35

Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 13 сентябри соли ҷорӣ раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо рафти иҷрои супоришҳои Президенти мамлакат ва вазъи хоҷагии халқи ноҳияи Зафаробод ба ин ноҳия сафари корӣ намуд. Қоҳир Расулзода нахуст бо вазъи корҳои сохтмони биноҳои истиқоматӣ барои 22 оилаи аз офати табиии ноҳияи Айнӣ зарадида, ки бо супориши Президенти мамлакат дар деҳаи Навбаҳори ҷамоати деҳоти Айнии ноҳия бунёд мегарданд, шинос гардид. Дар мавзеи сохтмон таҳти роҳбарии Раиси вилоят ҷаласаи ситоди вилоятӣ доир гардид, ки дар он Қоҳир Расулзода ба фаъолияти роҳбарияти ноҳияи Айнӣ ва масъулини соҳаи сохтмон бобати ба кашолкорӣ ва бемасъулиятӣ роҳ доданашон эродҳои ҷиддӣ гирифт. Тибқи супориши раиси вилоят бояд то санаи 15 октябр ҳамаи 22 манзили истиқоматӣ бунёд гарданд. Ҳамчунин ба масъулин супориш дода шуд, ки масъалаи таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ ва нерӯи барқ ҳаллу фасл намуда, бунёди бунгоҳи тиббӣ ва мактабро низ аз мадди назар дур намонанд. Раиси вилояти Суғд ҳамчунин бо вазъи бунёди фабрикаи ҷӯроббофии ноҳия, ки бо ҳамдастии ширкати «Хуҷанд-инвест-коттон» фаъолият мекунад, аз наздик шинос гардид. Фабрикаи мазкур тибқи супориши Президенти мамлакат бунёд гардида, иқтидори истеҳсолиаш 3 миллион ҷуфт ҷӯроби бачагона ва мардона мебошад. Бино ба иттилоъи мутахассисони коргоҳ навбати якуми корхона моҳи ноябри соли равон ба фаъолият оғоз хоҳад намуд ва беш аз 150 нафар занҳои маҳаллӣ соҳиби ҷойи корӣ мешаванд. Алҳол васлу насби таҷҳизот, ки аз давлати Итолиё бо арзиши 1 миллиону  350 ҳазор евро ворид гардидааст, ба роҳ монда мешавад. Қоҳир Расулзода бо ҳашарчиёни хоҷагии деҳқонии «Зафар»-и ноҳия дар пахтазори хоҷагӣ сӯҳбат намуд. Маълум гардид, ки бо қувваи ҳашарчиён хоҷагии деҳқонии мазкур ба хирман беш аз 114 тонна «тиллои сафед» рехта, дар арафаи ҷашни 19-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи истеҳсолиро таъмин намудааст. Раиси вилоят дар тантанаи «Корвони Сурх»-и ноҳия иштирок намуда, ба пешқадамони маъракаи ҳосилғундорӣ — ба сарварони хоҷагиҳои деҳқонии «Зафар» З. Сунатуллоев ва «Бахт» А. Пиримов калиди мошинҳои сабукравро тақдим намуд. Мавриди зикр аст, ки пахтакорони ноҳия нақша доранд, ки аз майдони 11,900 гектар пахтазор беш аз 19 ҳазор тонна пахтаи хушсифат ҷамъоварӣ намоянд. Алҳол дар ноҳия беш аз 2 ҳазор нафар ҳашарчиён аз шаҳру навоҳии Хуҷанду Табошар, Истаравшану Шаҳристон дар ҷамъоварии ҳосил ба марди деҳқон мадад мерасонанд.

Сентябрь 15, 2010 08:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба мактаби сиёсию давлатдории Пешвои миллат китоб ба нашр расид
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Бо донишҷӯёни ғолиби Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» вохӯрӣ доир гардид
Сокинони ноҳияи Рашт туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и безаволро дастрас намуданд
Толорҳои алоқа дар Тоҷикистон бештар мегарданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Панҷакент оид ба омодагии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ машварат баргузор шуд
ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ. Дар Истаравшан намоиш-фурӯши либосҳои мактабӣ ташкил гардид
Муовини Президенти Шурои ҷаҳонии ҳунарҳои мардумӣ дар минтақаи Осиё-Уқёнуси Ором бо тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Бахшида ба 32-солагии Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Омодагӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ шуд