БА ПОЙТАХТ НАЗДИК ВА АЗ МАРКАЗИ НОҲИЯ ДУР

Сентябрь 20, 2010 09:46

        Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Ванҷ Зиёратшо Пиров, то охири соли 2012 дар шаҳраки навбунёди Ваҳдати ноҳияи Ванҷ беш аз 187 хонаи истиқоматӣ сохта ба истифода дода мешавад.             Бо иттилои ҳамин манбаъ, дар маҳаллаи нав, ки номи шаҳраки Ваҳдатро  ба худ гирифтааст, аллакай 54 оила, ки бар асари заминларзаи дар моҳи январи соли  ҷорӣ зарар дида буданд, соҳиби хонаҳои нави замонавӣ гардиданд.             Дар даҳаи аввали моҳи сентябр дар шаҳраки навбунёд мактаб барои 240 ҷои нишаст, марказҳои тандурустӣ ва савдо ба кор оғоз намуданд.            Акнун сокинони шаҳраки нав 25 километр ба пойтахти ҷумҳурӣ наздиктар шуда, ҳамин қадар километр аз маркази ноҳия дур шуданд.

Сентябрь 20, 2010 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад