БАРҚИЯИ ШОДБОШИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА И. КАРИМОВ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов барқияи шодбош фиристод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Ислом Абдуғаниевичи мӯҳтарам, Шумо ва тамоми мардуми ӯзбекро ба муносибати солгарди навбатии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо камоли фараҳмандӣ ва самимона табрик менамоям. Мо ба қадри муносибатҳои чандинасраи дӯстона ва ҳусни ҳамҷавории мамлакатҳоямон мерасем, ки халқҳои моро ба ҳамдигар мепайванданд. Азми қавӣ дорем, ки барои самарии дилхоҳ додани таҷриба ва нерӯи фаровони ҳамкории мутақобилан муфиди мамлакатҳоямон тамоми тадбирҳои заруриро андешем. Боварӣ дорам, ки муносибатҳо ва ҳамкории давлатҳоямон дар оянда ҳам ба манфиати сулҳу субот ва пешрафти мамлакатҳоямон ба таври муттасил густариш хоҳанд ёфт. Ба шумо, Ислом Абдуғаниеви мӯҳтарам, саломатии комил, барори кор ва ба халқи ӯзбек зиндагии фараҳмандона, сулҳу осоиш ва шукуфоӣ орзу менамоям». Тарҷумон Кудратов А.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






