БАРӮЙХАТГИРӢ ДАР БАДАХШОН
Бадахшон, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Л. Додо).- Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар шаҳру навоҳии ВМКБ низ маъракаи муҳими сиёсӣ-барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ки барои ба тартиб даровардани фаъолияти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд, ҷараён дорад. Тибқи иттилои сардори Сарраёсати Агентии Омори назди Президенти Ҷумҳурӣ дар ВМКБ Азизбек Холдорбеков имрӯз дар шӯъбаи бақайдгирии №27 дар баробари масъулини Раёсату шӯъбаҳои омори шаҳру ноҳияҳо 1162 нафар кормандони муваққатӣ чун ҳисобчӣ фаъолият менамоянд. Масъулин тамоми кӯшишро бар он равона намудаанд, ки ин чорабинии муҳими сиёсӣ дар ҳудуди вилоят дар сатҳи баланд ва дар доираи қонунҳои амалкунанда гузаронида шавад.








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






