БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ ОҒОЗ ЁФТ
Душанбе, 21сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Имрӯз дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ оғоз ёфт, ки он тибқи фармони Президенти ҶТ аз 29 августи соли 2009 зери рақами 685 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010» ба тасвиб расида буд. Бино ба гуфти сардори раёсати барӯйхатгирии аҳолӣ Зебо Исмоилова, мақсад аз барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ҷамъоварии маълумот оид ба шумора ва сохти таркибии аҳолӣ ва тақсимоти дақиқи он дар минтақаҳои ҷумҳурӣ, ҷинсият, синну сол, саводнокӣ, муҳоҷират, машғулиятнокӣ, фавти кӯдакон ва модарон, аҳолӣ ва ҳолати фонди манзил иборат мебошад. Барои баргузории ин маъракаи муҳими сиёсӣ Ҳукума ти ҷумҳурӣ аз буҷет 27 млн. сомонӣ ҷудо намудааст. Илова бар ин, Бунёди «Нуфус» -и СММ барои харидории маводи техникӣ ва машварат бо коршиносон кӯмак мерасонад, ки ин то дараҷае барои буҷети ҷумҳурӣ сабукӣ меорад. Боис ба ёдоварист, ки бори охир барӯйхатгирии аҳолӣ соли 2000-ум баргузор шуда буд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






