БАРӮЙХАТГИРИИ АҲОЛӢ
Бадахшон, 6 сентябр. ( АМИТ «ХОВАР», Л. Додо). — Мутобиқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ» ба хотири ба даст овардани маълумот доир ба шумора, ҷойгиршавии аҳолӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, муайян намудани барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ» Ҳукумати Ҷумҳурӣ аз 1-уми августи соли 2010 барнома қабул намуд. Тавре мудири шӯъбаи омори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хорӯғ Вафоназар Давлатназаров иттилоъ дод, дар ин давра хонаҳои истиқоматӣ, биноҳои маъмурию маишӣ,кӯчаю хиёбонҳои шаҳр сабти ном шуданд. Марзи байни маҳаллаҳо муайян ва харитаи шаҳр тарҳрезӣ гардид.Дар кулли хонаҳои истиқоматӣ ва кӯчаву хиёбонҳо ном ва рақам насб карда шуд.Хуллас, шаҳри Хорӯғ ба ин маърака комилан омода аст.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






