БАРГАРДОНИДАНИ МУЗДИ МАОШИ МУҲОҶИРИН
Москва, 27 сентябр (АМИТ "Ховар", Ҳалима Хушқадамова). – «Вақтҳои охир арзу шикояти муҳоҷирони тоҷик ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Русия оид ба напардохтани музди маош ва поймол гаштани дигар ҳуқуқҳои ҳамватанони мо аз ҷониби корфармоёни бевиҷдон аз минтақаҳои гуногуни Русия зиёд гаштааст», — хабар доданд ба мухбири махсуси АМИТ «Ховар» аз Маркази матбуоти Сафорати ҶТ дар Русия. «Ҳамин тариқ, 20 сентябр аз номи 86 шаҳрванди Тоҷикистон ба шӯъбаи кор бо муҳоҷирони хадамоти консулии Сафорати ҶТ дар Федератсия Русия гурӯҳи коргарон нисбат ба роҳбарияти ҶК «Сургутстройтрест» шикоят намуда, гуфтанд, ки аз се то шаш моҳ боз маош нагирифтаанд. Кормандони шӯъбаи кор бо муҳоҷирони меҳнатӣ бо роҳбарияти корхонаи мазкур сӯҳбати телефонӣ намуданд. Дар сӯҳбат кордиҳандагон ваъда доданд, ки масъалаи пардохти қарзи музди маоши шаҳрвандони аз ҷиҳати моддӣ зарардидаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дида баромада, ҳал менамоянд»,-иттилоъ доданд аз сафорати ҶТ дар Федератсияи Русия. Зикр гардид, ки танҳо дар се моҳи охир бо мусоидати кормандони Сафорат қариб 1 млн. 557 ҳазор рубл музди маоши шаҳрвандони Тоҷикистон баргардонида шудааст.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






