БАРНОМАИ МУВОФИҚКУНОНИИ ИҚЛИМ ДАР ТОҶИКИСТОН

Сентябрь 20, 2010 10:08

            Душанбе, 20 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба гуфти ҷонишини намояндаи доимии Бонки  осиёгии Рушд дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷаноби Ҷоҷӣ Токешӣ ба сабабҳои экологӣ 56 фоизи аҳолӣ ба хӯроки серӣ ва 41 фоиз бо оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд.             Бо ин мақсад, Бонки осиёгии Рушд дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии тараққиёт Барномаи пилотии мувофиқкунонии иқлимро барои Тоҷикистон роҳандозӣ кардан мехоҳад, ки мақсади он кӯмак расонидан дар паст кардани оқибатҳои нохуши иқлим дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.             Бояд тазаккур дод, ки ҳар сол бо сабаби инҷиқиҳои табиат ҳосили ҳазорҳо гектар ғаллазор ва боғу токзорҳо нобуд  мегардад.             Солҳои охир бо сабаби гармшавии иқлим ва нарасидани об ҳосили парваридаи ғалла, сабзавот, полезӣ ва боғу токзор дар шаҳру ноҳияҳои ҶТ нобуд мегардад. Дар ин бора намояндагони ҶТ дар конфронси байналмилалии Копенгаген андешаҳои худро иброз дошта буданд.             Барномаи мазкур бо тарзи грантӣ дар ҳаҷми 50 млн. доллари амрикоӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешбинӣ шудааст, ки дар таҳияи он мутахассисони тоҷик мехоҳанд ширкат  дошта бошанд.               

Сентябрь 20, 2010 10:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад