БАРРАСИИ МАСОИЛИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИҶТИМОӢ
Душанбе, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- «Сиёсати давлат дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва роҳҳои расонидани хизматрасонии иҷтимоӣ ба аҳолӣ» таҳти чунин ном имрӯз дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон семенар баргузор шуд. Семинарро муовини вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ Латофат Шарипова бо сухани ифтитоҳӣ оғоз ва роҷеъ ба паҳлӯҳои мухталифи ин мавзӯъ суханронӣ намуд. Инчунин, дар кори семинар мутахассисон дар мавзӯи «Сиёсати имрӯзаи давлат дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ ва табақаҳои ниёзманди аҳолӣ », «Дар бораи таҷрибаи фармоиши иҷтимоӣ» ва «Усулҳои нави хизматрасонӣ» баромад карданд. Дар охир Л.Шарипова кори семинарро ҷамъбаст намуда, барои беҳтар ба роҳ мондани хизматрасонии иҷтимоӣ маслиҳатҳои муфид пешниҳод намуд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






