БАРРАСИИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН
Душанбе, 14 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Масоили рушди муносибатҳои гуногунҷабҳаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин 13-уми сентябри соли равон дар мулоқоти Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов бо Сафири нави фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фан Сянжун мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Оқил Оқилов изҳор дошт, ки дар сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи муносибатҳои сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ бо Чин мақоми хосса дорад ва ба он аҳамияти авалиндараҷа дода мешавад. Фан Сянжун бори дигар омодагию ҳавасмандии ҷониби Чинро барои таҳкими муносибатҳо дар соҳаҳои барои ҳарду давлат манфиатнок баён дошта, таъкид кард, ки тамоми кўшишу ғайраташро ба ҳайси сафири нав баҳри боз ҳам беҳбуд бахшидани ҳамгироиҳои Тоҷикистону Чин равона хоҳад кард. Аз раванди татбиқи лоиҳаи муштарак дар соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия, алоқа ва коркарди маъданҳои кўҳӣ изҳори қаноатмандӣ карда, ҳар ду ҷониб ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ низ зарур шумориданд. Дар мулоқот, ҳамзамон масоили баргузории Рўзи миллии Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО-2010, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Шанхайи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мешавад, баррасӣ шуд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






