БАРРАСИИ МУНОСИБОТИ ТИҶОРАТИИ ТОҶИКИСТОНУ ҲИНДУСТОН
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — 1 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе мулоқоти вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев бо сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон Аситх Бхаттачарҷӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон дар соҳаҳои иқтисод ва тиҷорат, рушди тиҷорати аграрӣ ва дастгирии бахши хусусӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зикр гардид, ки барои ҷалби сармоягузорони мустақими Ҳиндустон дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаҳои мухталиф шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Аситх Бхаттачарҷӣ бо изҳори боварӣ иброз дошт, ки барои фаъол намудани заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои ду давлат ва рушду тавсеаи минбаъдаи он саъю кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳад.








Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд






