БЕҲТАРИН ОСОРХОНАИ СУҒД МУАЙЯН ШУД

Сентябрь 15, 2010 11:17

Душанбе, 15 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Дар асоси дастуру супоришҳои раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 4-и ҷамоати Қистақӯзи ноҳияи мазкур пурра аз таъмир бароварда шуда, осорхонаи Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ Домулло Азизов бунёд гардид, ки мақоми беҳтарин осорхонаи вилоятиро соҳиб гардид. Ёдовар мешавем, ки раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода 22-юми январи соли ҷорӣ ба мактаби мазкур ташриф оварда, зимни мулоқоти хеш бо омӯзгорону хонандагони ин дабистон аз вазъи таъмирталаб будани мактаб ва инчунин бунёди осорхона изҳори назар карда, худи ҳамон рӯз оид ба бартараф сохтани ин мушкилот ба мақомоти дахлдор супориш дода буд.

Сентябрь 15, 2010 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад