БЕХОНАҲО СОҲИБХОНА НАШУДАНД
Душанбе, 30 сентябр.(АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ, дар моҳҳои январ – августи соли 2010 барои рушди соҳаи иҷтимоӣ 661,2 млн. сомонӣ равона карда шудааст, ки он 30,5 фоизи ҳаҷми умумии сармоягузории ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ба гуфти ҳамин манбаъ, дар 8 моҳи соли ҷорӣ 379,9 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2009 23,8 ҳазор метри мураббаъ кам аст, ки ин барои ашхоси ба хонаҳои истиқоматӣ ниёзманд ва дар навбатбуда бетаъсир намемонад. Боиси тазаккур аст, ки биноҳои истиқоматиро дар ҷумҳурӣ асосан бахши ғайридавлатӣ ва ҳиссаи бештари онҳоро аҳолӣ месозанд. Онҳо дар моҳҳои январ – августи соли 2010 беш аз 336 ҳазор метри мураббаъ ё 97,9 фоизи ҳаҷми умумии хонаҳои истиқоматии баистифодадодашударо ташкил медиҳанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






