БЕМОРОНИ РӮҲӢ НАВБАТ МЕПОЯНД
Душанбе, 22 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои мудири бахши ҳифзи иҷтимоии Сарраёсати Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати вилояти Хатлон Маҳмадалӣ Собиров, фарогирии беморони рӯҳӣ дар хона – интернатҳои ноҳияҳои Восеъ ва Ҳисор, ки дар тобеияти Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ мебошанд то имрӯз роҳи ҳалли худро наёфтааст. Ба иттилои ҳамин манбаъ, соли 2007 13 нафар беморони рӯҳӣ аз вилояти Хатлон барои қабул ва зисти доимӣ дар хона – интернатҳои ноҳияҳои Восеъ ва Ҳисор ба навбат номнавиc шуда буданд. Алҳол 5 нафар гирифторони бемории рӯҳӣ барои зисти доимӣ дар хона – интернати ноҳияи Восеъ ва 22 нафар дар хона – интернати ноҳияи Ҳисор дар навбат истодаанд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






