БЕНОМУ НИШОН ГУМШУДАГОН

Сентябрь 6, 2010 14:27

Душанбе, 6 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). – Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 5 сентябри соли равон ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Нуробод аризаи шаҳрванд Қаландаров Давлаталӣ, соли таваллудаш 1985, истиқоматкунандаи деҳаи Алигалабони ноҳияи мазкур ворид гардид. Дар ариза омадааст, ки ҳамсари Д. Қаландаров Шукронаи Бағлон, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ноҳияи мазкур аз хона баромада то ҳол бар нагаштааст. Инчунин рӯзи 5 сентябри соли равон ба шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Суғд аризаи шаҳрванд Бобохонова Умеда, соли таваллудаш 1973, истиқоматкунандаи ноҳияи Б. Ғафуров ворид гардид. Дар ариза омадааст, ки 4 сентябри соли ҷорӣ Бобохонов Фирдавс, соли таваллудаш 1991, писари У. Бобохонова аз хона баромада то ҳол бар нагаштааст.  

Сентябрь 6, 2010 14:27

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад