БО МЕҲНАТИ ҲАЛОЛИ ХУД ҚАДРДОНӢ ШУДАНД
Душанбе, 29 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лаззат Диловарзод).- Бино ба иттилои мудири бахши робита бо ҷомеаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Файзутдин Фозилов, ҳамасола ҷашнвораҳои ҷумҳурӣ — Рӯзи Конститутсия (Сарқонун), Наврӯз, Иди Ғалаба, Истиқлолияти давлатӣ аз тарафи кормандони вазорати мазкур махсус қайд карда мешаванд. Дар ин рӯзҳои таърихӣ онҳое, ки сидқан ба халқу ватани худ хизмат кардаанд, бо ордену медал, ва унвону мукофоти молиявӣ қадрдонӣ мешаванд. Соли ҷорӣ дар рӯзи иди Истиқлолияти давлатӣ директори Агентии давлатии Суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Раҷабалӣ Дамонов бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», сардори шӯъбаи Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ Ғарибшо Сӯфишоев бо медали «Шафқат» ва мудири бахши робита бо ҷомеаи вазорат Файзутдин Фозилов бо медали «Хизмати шоиста» қадр карда шуданд. Ҷоизадорон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсан аз Сарвари давлат барои ин қадршиносӣ изҳори сипос намуданд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






