БОЗ ДУ ХОНАИ НАВ БА ЗАРАРДИДАГОНИ ШАҲРИ КӮЛОБ
Душанбе, 2 сентябр. (АМИТ «Ховар», Дилшодаи Ҷонмард).- Тибқи супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бунёд намудани хонаҳо дар минтақаи Кӯлоб барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони ду хонаро ба ӯҳда гирифта буд. Субҳи имрӯз вазири кишоварзӣ Қ. Қосимов дар вазъияти тантанавӣ дар минтақаи рақами 4-и Кӯлоб калиди хонаҳоро ба соҳибонашон супорид. Мавриди зикр аст, ки хонаҳо бо тамоми лавозимоти рўзгор таъмин буда, вазир расми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба соҳибони хона тўҳфа намуд.








Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






