БОЗ ЯК ҲОДИСАИ КУШТОР
Душанбе, 7 сентябр. (АМИТ «Ховар», Жасмин Назарова). — Рӯзи 5 сентябри соли равон дар рӯ ба рӯи партовгоҳи кӯчаи О. Ҳошимови ҷамоати Қистақӯзи вилояти Суғд, ҳодисаи куштор ба амал омад. Тавре аз дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, шаҳрванд Юсупов Абдуҷамол, соли таваллудаш 1971, дар ҳолати мастӣ бо шаҳрванд Қодиров Абдуаҳад, соли таваллудаш 1960, ки ҳарду истиқоматкунандаи ҷамоати Қистақӯз мебошанд, аз сабаби хусумати шахси доштанашон ҷанҷол карданд. Дар натиҷаи муноқиша А. Юсупов бо санг якчанд маротиба ба сару рӯи А. Қодиров задааст. Аз гирифтани ҷароҳати вазнин А. Қодиров дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Ҳангоми гузарондани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ А. Юсупов дастгир карда шуд. Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, тафтиш идома дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






