БОЗДИДИ ТАМОШОБИНИ СЕМИЛЛИОНА АЗ ПАВИЛЙОНИ ТОҶИКОН

Сентябрь 21, 2010 16:22

Душанбе, 21 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Дар павилйони Тоҷикистон  дар намоишгоҳи умумиҷаҳонии ЭКСПО-2010, ки дар Шанхайи Чин баргузор гашта истодааст,  тамошобини семиллионаро ба қайд гирифтанд.  Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд. Тамошобини семиллионаи павилйони Тоҷикистон  иқтисодчӣ Йен Чжуини 25 сола буда, сокини вилояти Хунан мебошад.       Дар маросими тантанавӣ Йен Чжуинро сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Рашид Олимов, Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид, директори экспозитсияи  павилйони Тоҷикистон дар ЭКСПО- 2010 Одил Сангов табрик намуда,   ба Йен Чжуин китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро, ки ба забони чиноӣ тарҷума шудааст, тақдим карданд.

Сентябрь 21, 2010 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад