БОЗДОШТИ АБДУРАСУЛ МИРЗОЕВИ ФИРОРӢ
Душанбе, 6 сентябр. ( АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Дар натиҷаи бурдани корҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ субҳи рўзи 6 сентябри соли равон дар ҳудуди ноҳияи Файзобод боз як нафар аъзои гурўҳи муташаккили мусаллаҳе, ки аз маҳкамаи тафтишотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи 23 августи соли равон фирор намуда буданд, дастгир гардид. Ин нафар Абдурасул Мирзоев, соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Душанбе мебошад, ки барои содир намудани як қатор ҷиноятҳои махсусан вазнин ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб шуда буд. Абдурасул Мирзоев бо моддаи 216 қисми 1, 135 қ1, 131қисми 2 бандҳои А,Б,Е, 334 қисми 2, 191 қисми 2 банди б, 340 қисми 2 бандҳои А,Б, 195 қисми 2 бандҳои Б,В ва 306 Кодекси Ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум гардида, ба мўҳлати 30 сол аз озодӣ маҳрум гардида буд. Айни замон барои муайян намудани макон ва боздошти дигар аъзои ин гурўҳи фирориён корҳои фаврӣ-ҷўстуҷўӣ идома дорад. Тарҷумаи Н. Қодирова








Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад






