БОЗГАШТИ ҲУНАРМАНДИ МАШҲУР

Сентябрь 1, 2010 15:39

        Душанбе, 1 сентябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Сидова).-Ҳунарманди машҳур Самеъ Юсуф, ки ҳамчун сарояндаи сурудҳои форам дар кишварҳои мусулмонӣ маъруф аст,  албоми нави худро дар ҳамкорӣ бо ширкати «ETM International» пешкаши ҳаводоронаш менамояд.      Ҳунарманди шинохта афзудааст, ки  «ETM International» ягона ширкатест, ки тибқи қарордод ҳуқуқи паҳн намудани маводи аудиоию видеоиро дорад. Самеъ Юсуф ният дорад, ки барномаи ҳунарии худро, хусусан эҷоди сурудҳои форамро бо бастани  қарордод бо ин ширкат ғанӣ гардонад.                Сарояндаи маҳбуб баъди танаффуси 5 сола ба олами ҳунар бармегардад. Дар бозгашти ӯ ба саҳна мухлисону пайравонаш,  ки илҳомбахши овозхонияш мебошанд,  нақши муҳим бозидаанд.             Самеъ Юсуф  аз озаритаборҳои  Эрон буда, соли 1979 дар Теҳрон таваллуд шудааст. Ӯ дар синни се солагӣ ҳамроҳи волидайнаш ба Британияи Кабир ҳиҷрат мекунад ва то ҳол дар шаҳри Лондон  кору зиндагӣ менамояд. Албоми нахустини  сарояндаи маҳбуб ҳанӯз 7 сол муқаддам дар соли 2003 бо номи «Муаллим» /Al-Muallim/ пешкаши  ҳаводоронаш гардид, ки маҳбубияти сарояндаро афзун гардонд. Мавсуф ба як қатор кишварҳои мусулмонӣ сафари ҳунарӣ намуда, бо сурудҳои фораму дилнишини худ ба мусулмонон пайғом расонидааст. Сурудҳои овозхони шинохта дар Тоҷикистон, бахусус,  дар байни ҷавонон маҳбубияти хоса дорад.

Сентябрь 1, 2010 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти соли 2025 нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Кумитаи рушди маҳал, Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ, Саридораи геология ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад