БУНЁДИ БОҒҲО ДАР ДОМАНАКӮҲҲО
Рашт, 24 сентябр. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ ).- Боғдорӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ва сердаромади ноҳияи Рашт ба шумор меравад. Боғдорони ноҳияи мазкур хамасола баробари бунёди боғҳои нав боғҳои кӯҳнаро низ барқарор менамоянд. Майдони боғҳои ҷамоати Навдеҳи ноҳия қариб ба 1000 гектар мерасад. Боғдорон дар майдонҳои боғи худ асосан ба парвариши ҳосили себу нок машғуланд. Айни замон ноки пешпазак пухта расида, боғдорон ҳосили онро ба ноҳияҳои гирду атроф ва пойтахт мефиристанд. Роҳбарони ноҳия тамоми майдонҳои боғи нави себу нокро ба ҳисоби боғдорону хоҷагидорон гузоштаанд. Солҳои охир майдони боғҳо афзуда истодаанд, асосан дар доманакӯҳҳо боғҳои нав бунёд шуда истодаанд. Боғдорон ният доранд, ки ҳосили фаровони мева истеҳсол намуда, саҳми худро дар фаровонии маҳсулоти бозорҳои кишвар гузоранд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






