БУНЁДИ «КОХИ МАТБУОТ» ДАР СУҒД
Душанбе, 27 сентябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Ба ифтихори 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 200 иншооти ҷашнӣ бунёд мегардад. Яке аз бузургтарин иншооте, ки дар соҳили рости Сирдарё қомат меафрозад «Кохи матбуот» аст. Арзиши лоиҳавии ин иншоот 19 миллиону 200 ҳазор сомонӣ буда, пудратчии асосӣ — Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Еврострой» мебошад. Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода бо рафти бунёди «Кохи матбуот» шинос шуда, зимни ҷаласаи ситоди корӣ оид ба самаранок истифода бурдани масолеҳи бинокорӣ, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани иншоот, тезтар оғоз кардани корҳои пардозкунӣ, ҳал кардани масъалаи таъминоти бино бо барқи доимӣ ва муҷаҳҳаз намудани он бо хатти обу ташноб дастурҳо дод. Дар ҷаласаи ситод зикр гардид, ки то имрӯз беш аз 7 миллиону 100 ҳазор сомонӣ маблағ аз худ шуда, то охири соли равон ба маблағи 10 млн. сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба субут расонида мешаванд. Аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки рафти бунёди иншооти ҷашнӣ дар вилоят зери назорати шахсии раиси вилоят Қ. Расулзода қарор дошта, корҳои сохтмонӣ мутобиқ ба лоиҳаҳои муқарраргардида идома доранд.








29 январ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф пешгӯӣ мешавад
Дар Русия аз дақиқаҳои аввал дар алоқа бимонед!
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






