БУРЁКӮБОНИ 9 ОИЛА ДАР КӮЛОБ
Кӯлоб, 2 август. (АМИТ «Ховар», Сулаймон Холов). — Ширкати «Ёқут- 2000»-ум дар қатори дигар вазорату корхона ва идораҳои сохтмонию соҳибкорон сохтмони панҷ хонаи истиқоматиро дар маҳали чоруми сохтмонии шаҳри Кӯлоб ба ӯҳда гирифта, дар муддати дуюним моҳ хонаҳоро бо сифати баланд сохта, мавриди истифода қарор дод. Дар расми ба истифода супоридани хонаҳои истиқоматӣ раиси шаҳри Кӯлоб иштирок намуда, баъди аз назар гузаронидани хонаҳо ва сӯҳбат бо шаҳрвандон дар ҳолати тантанавӣ сипосномаи мардуми шаҳри Кӯлобро ба роҳбари ширкати мазкур тақдим намуд. Дар сохтмони панҷ хона давоми дуюним моҳ 70 нафар сохтмончиёни баландихтисос аз шаҳри Душанбе ва сохтмончиёни маҳаллӣ ҷалб гардида буданд. Кормандони Иттифоқи ҷамъияти «Тоҷикматлубот»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки сохтмони 4 хонаи истиқоматӣ ва ду мағозаро дар қитъаҳои якум ва чорум ба ӯҳда гирифта буданд, дар вазъи тантанавӣ калиди хонаҳоро ба соҳибонашон супориданд. Сокинон аз сифати сохтмони хонаҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, миннатдории худро ба роҳбарияти кишвар, ширкати «Ёқут- 2000»-ум ва Иттифоқи ҷамъияти «Тоҷикматлубот»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон баён намуданд. Бояд тазаккур дод, ки то имрӯз 80 фоизи хонаҳои истиқоматӣ дар 6 қитъаи сохтмонӣ барои оилаҳои аз офати табиӣ зарардида мавриди истифода қарор гирифтаанд. Бино ба иттилои масъулин то оғози фасли сармо ҳамаи манзилҳои зист ба истифода дода мешаванд. Таҳрири М. Анварӣ








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






