ЧИН ҲОДИСАҲОИ ТАБИИРО ПЕШГИРӢ МЕНАМОЯД

Сентябрь 21, 2010 17:35

 Душанбе, 21 сентябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Мулоқоти раиси  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ҶТ генерал-майор  Ҳабибулло Латипов  бо сафири нави Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон Фан Сянжуа доир гардид. Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии ҶТ хабар доданд, ҷонибҳо масъалаҳо ва вазифаҳои муайянро барои пешгирии ҳодисаҳои табиӣ муҳокима намуданд.  Зимни мулоқот раиси Кумита қайд намуд, ки дар робита ба тағйирёбии иқлим ба амал омадани ҳодисаҳои нохуши табиӣ зиёд шудааст. Ба мо лозим аст, ки ҳамкориро барои коҳиш додан ва пешгирии ҳодисаҳои табиӣ мустаҳкам намоем.  Фан Сянжуа бо фаъолияти Кумитаи мазкур ошно гардида, бовар кунонид, ки «ҷониби Чин омода аст ҳамкории ҳамаҷонибаро бо мутахассисони Кумита барои пешгирии ҳодисаҳои табиӣ тибқи имкониятҳои мавҷуда ба роҳ монад»,-зикр намуд манбаъ.           

Сентябрь 21, 2010 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад